Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 100 баста либосҳои қочоқии Узбакистон дар Душанбе


Мақомоти гумрук дар шаҳри Душанбе бештар аз сад бастаи либосҳои мактабии истеҳсоли Узбакистонро ошкор кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба савдо гузошта шудаанд. Аз Хадамоти гумрук ба Радиои Озодӣ гуфтанд, либосҳои мактабӣ дар яке аз амборҳои бозори “Достӣ”-и пойтахт нигоҳдорӣ мешуданд.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкор Я. В-и 35-сола "ин либосҳои кӯдаконаи мактабиро аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба ӯ ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидори намудааст". Мақомоти мегӯянд, алайҳи ин соҳибкор бар асоси моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Хадамоти гумрук дар ҳоле аз қочоқи либосҳои Узбакистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар бозорҳои Тоҷикистон дар як соли охир молҳои рӯзгор ва либосҳои пахтагии бренди “Made in Uzbekistan” шӯҳрат касб карда, бо молҳои истеҳсоли Чин вориди рақобати сахт шудааст.

То имрӯз моли Чин тақрибан бозорҳои Тоҷикистонро пур карда буд. Аксар харидорон мегӯянд, моли сохти Узбакистон аз назари нарху наво наздик ба моли чинист, вале сифатан беҳтар аз он мебошад.

XS
SM
MD
LG