Ҳайати расмии созмони байналмилали Human Rights Watch (HRW) 2 сентябр вориди шаҳри Тошканди Узбакистон шуд. Намояндагии HRW дар Узбакистон соли 2010 аз фаъолият бозмонд.
Хабаргузории "Ҷаҳон" иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи сафари ҳайати расмии HRW ба Узбакистон баррасии таъмини ҳуқуқи инсон дар ин кишвар аст.
"Масъалаи дувуме, ки намояндагони HRW баррасӣ мекунад, нақши созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон ва ҳамкории HRW бо мақомоти ҷумҳурӣ аст", - омадааст дар иттилоияи хабаргузории "Ҷаҳон".
Ҳайати расмии HRW дар Узбакистон бо намояндагони вазоратҳо, мақомоти қудратӣ, институтҳои миллӣ дар умури ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.
Дафтари HRW дар Узбакистон соли 1996 боз шуд. Аммо ин созмон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар назорат мекард. Баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон дар соли 2005 Тошканд монеи фаъолияти HRW шуд. Моҳи декабри соли 2010 вазорати адлияи Узбакистон барои бастани намояндагии HRW ба додгоҳи олӣ шикоят бурд.