Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба табодули озоди асъори хориҷӣ иҷозат дод


Сокинони Узбакистон сар аз 5-уми сентябри соли равон метавонанд асъори хориҷиро дар саррофиҳо бо нархи бозор фурӯшанд ё ба воситаи кортҳои бонкӣ дар хориҷ бидуни маҳдудият истифода баранд.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ"-ро имзо кард. Дар фармон омадааст, ки ҳангоми таъйини қурби пули миллӣ механизми бозорӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад. Шахсони воқеӣ дар Узбакистон минбаъд метавонанд, асъори хориҷиро дар саррофиҳо озод фурӯшанд ё аз шуъбаи бонкҳои тиҷорӣ бе маҳдудият бихаранд.

То имзои ин фармон дар Узбакистон се навъи қурби асъори хориҷӣ -- қурби расмӣ, қурби байнибонкӣ ва "қурби сиёҳ" барои сокинони оддӣ -- вуҷуд дошт. Қурби "бозори сиёҳ" аз қурби таъйиннамудаи Бонки милии Узбакистон тақрибан ду баробар фарқ мекард. Озодсозии сиёсати пулӣ яке аз тағйироти деринтизор дар Узбакистон баъди марги Ислом Каримов дар соли гузашта шумурда мешуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG