Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

73 ҳазор мусалмон ба тарки Мянмар маҷбур шудаанд


Тақрибан 73 ҳазор мусалмони қабилаи Роҳингя аз хушунатҳо дар Мянмар фирор карда, худро ба кишвари ҳамсояи Бангладеш расондаанд. Дар ин бора рӯзи 3-юми сентябр як масъули идораи кор бо паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

Вивиан Тан, сухангӯи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, фирори ақаллияти мусалмон аз рӯзи 25-уми августи имсол, аз шурӯи хушунатҳо дар аёлати ғарбии Рахинеи Мянмар оғоз ёфтааст.

Мақомоти Мянмар ва шӯришиёни Рахине якдигарро дар ин ҷиноят муттаҳам мекунанд. Дар даргириҳои чанд рӯзи гузашта 400 нафар кушта шудааст

Паноҳандаҳои мусалмон гуфтанд, ки нирӯҳои артиш ва мубаллиғони буддоӣ дар Мянмар ба ғайринизомиҳо ҳамла карда, хонаҳояшонро оташ заданд.

Созмони Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, наворҳои наверо аз моҳвора нашр кард, ки бар асоси он беш аз 700 хона дар як рустои Рахине оташ зада шудааст.

Таниши миёни мусалмонҳои Роҳингя ва буддоиҳо дар соли 2012 ба даргириҳои хунин сабаб шуда буд.

XS
SM
MD
LG