Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза ё озмоиши ҳастаӣ дар Куриёи Шимолӣ?


Низомиёни Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ки дар наздикии як пойгоҳи озмоиши ҳастаии Куриёи Шимолӣ заминларзаи 5,6-дараҷаӣ сабт шудааст. Ҳоло мақомоти ин кишвар даст ба кор шудаанд, то дақиқ кунанд, ки оё ин озмоиши ҳастаӣ буд, ё хайр.

Хабаргузории “Yonhap” бо такя ба қавли Маркази зилзиласанҷӣ гуфт, ин заминларза субҳи 3-юми сентябр рух дод ва эҳтимол меравад “маснуӣ буд”. Дар гузашта Куриёи Шимолӣ пушти пардаи заминларза ҳадди ақал чанд озмоиш анҷом додааст.

Мақомоти зилзиласанҷии Чин ҳам гуфт, ки заминларзе бо 6,3 дараҷаи Рихтер дар Куриёи Шимолӣ сабт шудааст. Онҳо гуфтанд, заминларза соати севуними субҳ ва дар умқи “сифр километр” рух дод.

XS
SM
MD
LG