Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик барои қочоқи китоби қадимӣ дар Русия муттаҳам шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурони гумруки Оренбурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кӯшиши берун бурдани як китоби қадимӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ парвандаи маъмурӣ боз намудаанд. Мақомоти Русия рӯзи 1-уми сентябр гуфтанд, ки ин китоб бо хатти арабӣ навишта шуда, ба фоидаи давлат мусодира гардидааст.

Дафтари матбуоти Раёсати гумруки Оренбург рузи 1-уми сентябр гуфт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қасди сафар ба самти Душанберо дошт ва ин китоб аз бағочи ӯ гирифта шудааст.

Бар асоси ташхис, ин китоб соли 1909, яъне 108 сол қабл, дар Қазон чоп шуда, масоили покӣ, адои ҳаҷ ва намозро дар бар мегирад. Мутахассисон гуфтаанд, матни ин китоб бар пояи фиқҳи Имом Абуҳанифа, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, таҳия шудааст.

Бар асоси қонунгузории Русия китобҳое, ки таърихи беш аз 100-сола доранд, ба берун аз қаламрави ин кишвар бурда намешаванд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон санадҳои зарурӣ барои ба берун бурдани ин китоби қадимиро надошт.

Қаблан дар Тоҷикистон Татяна Хужина, шаҳрванди Русия ба қочоқи як тангаи замони шоҳигарии Русия муттаҳам ва ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.

XS
SM
MD
LG