Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Саакашвилӣ дар Украина боздошт шуд


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон ва волии пешини Одесса гуфт, ки бародараш Дэвид рӯзи 2-юми сентябр дар Украина боздошт шуд. Ӯ дар саҳифаи Фейсбук навишт, маъмурони интизомӣ субҳи барвақти шанбе бародарашро дар назди хонааш дастгир кардаанд.

Саакашвилӣ тахмин мезанад, ки мақомоти Украина бо ин амали худ талош доранд, фикри ӯро дар мавриди бозгашт ба Киев тағйир диҳанд. Саакашвилӣ дар ҳоли ҳозир дар Полша ё Лаҳистон қарор дорад ва охири моҳи гузашта эълон кард, ки 10-уми сентябр ба Украина бармегардад.

Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, охири моҳи июли имсол Саакашвилиро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кард. Саакашвилӣ ин тасмими Порошенкоро маҳкум намуд ва “роҳи ғайрқонунии дур карданаш аз саҳнаи сиёсии Украина” номид.

Мақомоти Украина изҳор доштанд, ки ба Саакашвилӣ иҷоза нахоҳанд дод, вориди ин кишвар бишавад ва дар сурати талоши вуруд аснодашро мусодира хоҳанд кард.

Саакашвилӣ соли 2015, баъди онки шиносномаи Украинаро дарёфт кард ва волии Одесса шуд, аз ҳаққи шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум шуд. Аммо моҳи ноябри соли гузашта ба далели онки мақомоти Киев ислоҳотиро сарфи назар мекунанд, ба истеъфо рафт.

Мақомоти Гурҷистон Саакашвилиро дар пароканда кардани тазоҳуроти осоишта дар моҳи ноябри соли 2007 ва даст доштан дар ҳамла ба шабакаи телевизионии "Имеди" муттаҳам медонанд. Онҳо истирдоди ӯро аз Украина тақозо кардаанд. Аммо Саакашвилӣ ҳамаи ин иттиҳомро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ медонад.

XS
SM
MD
LG