Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири кӯчарӯби тоҷик аз даъвояш даст кашид


Маҳмадулло Давлатзода

Маҳмадулло Далватзода – муҳоҷири 51-солаи тоҷик – аз даъвояш алайҳи як сокини шаҳри Маскав, ки гӯши ӯро канда буд, даст кашид. Ирина Бирюкова, вакили дифои Маҳмадулло Давлатзода, рӯзи 2-юми сентябр гуфт, баъди онки марди рус аз Маҳмадулло расман узр пурсида, барои табобаташ 150 ҳазор рубл дод, ҷабрдидаи тоҷик гуноҳашро бахшида ва бо ӯ оштӣ кардааст.

“Маҳмадулло инсони мусолиматомез ва амиқан диндор аст. Шояд ба ҳамин хотир шахси ба ӯ зараррасонидаро бахшид. Мо дигар алайҳи хоҳиши ҷабрдида амал намекунем ва бо ҳамин ин баҳс хотима дода мешавад”, - гуфт вакили дифои Маҳмадулло.

Маҳмадулло Давлатзода қаблан дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки рӯзи 15-уми август, ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт ва ба бало печид. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.

Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам.”

Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст. “Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, - гуфт Маҳмадулло Давлатзода.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG