Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико тасмими ироаи кумаки 225-миллиондоллариаш ба Покистонро боздошт. Ин қарор дар пайи он амалӣ шуд, ки президент Доналд Трамп Покистонро дар паноҳ додан ба гурӯҳҳои террористии мухолифи Афғонистони ҳамсоя маҳкум кард.

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 31-уми август гуфт, то замоне ки ИМА шаҳодати зидди Толибони Афғонистон ва гурӯҳҳои ҳамшарики онҳо, назири шабакаи Ҳаққонӣ кор кардани Покистонро набинад, пул дода намешавад.

Ин гурӯҳҳои ҷангҷӯ асосан дар қаламравҳои марзии Покистону Афғонистон мустақар шуда, зидди нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон меҷанганд. Покистон паноҳ додан ба террористонро рад мекунад ва мегӯяд, ки Амрико баҳонаҷӯӣ карда, нокомиҳои 16-солааш дар амри мубориза бо террористон дар Афғонистонро бори Исломобод мекунад.

Дар Покистон ҳафтаи ҷорӣ зидди мавқеи шадиди Амрико намоишҳои эътирозӣ доир шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG