Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши таърихии Украинаву ИА баъди 4 сол ҳукми қонун касб кард


Рӯзи 1 сентябр созишномаи ҳампаймонии миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Украина ба кор шурӯъ кард, ки ба чор соли бебандубориҳои атрофи ин санад нуқта гузошт. Президенти Украина Петро Порошенко дар ин бора дар Фейсбук бо хушҳолӣ хабар дод. Вай гуфт, ки ин ҳодиса дар муайян кардани ояндаи кишвар ва садоқат дар баробари дастовардҳои инқилоб хеле муҳим аст. Ишораи ӯ ба ҳаводиси соли 2013 буд.

Президенти собиқ Виктор Янукович он замон нахост ин созишномаро имзо кунад ва баъдан дар паи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат барканор шуд. Кая Таел, сафири Эстония дар Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин ҳодиса дар равобити ду ҷониб як таҳаввулоти муҳим аст. Таел гуфт, ки бахше аз мувофиқаҳои қарордоди мазкур аллакай аз ҷониби Аврупову Украина амалӣ мешавад.

Созиши муҳими ҳампаймонии Иттиҳодияи Аврупову Укарина қарор буд соли 2013 аз ҷониби Янукович имзо шавад. Янукович, ки зери таъсири Маскав қарор дошт, аз имзои ин санад худдорӣ кард ва ин чиз мояи эътирозҳои мардум шуд. Дар натиҷа, феврали соли 2014 ӯ ба Русия фирор карду дигар барнагашт. Ҳоло нисбати ӯ дар Украина мурофиаи додгоҳӣ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG