Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Гулнора Каримова дар пояи ҳайкали бобояш гулгузорӣ кард


Имон Каримова бо холааш Лола Тиллоева-Каримова

Имон, духтари Гулнора Каримова, дар пойи муҷассамаи бобояш Ислом Каримов дар маркази шаҳри Тошканд гул гузошт. Дар аксе, ки Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии президенти собиқи Узбакистон, дар саҳифаи Фейсбуки худ нашр кард, ӯву хоҳарзодааш Имон бо гулдаста дар макони ифтитоҳи муҷассамаи Ислом Каримов тасвир ёфтаанд. Дар бораи Имон Каримоваи 18-сола, духтари Гулнора Каримова, то имрӯз иттилои хеле нокофӣ нашр шудааст.

Гулнора Каримова, ки замоне вориси падар дар тахти президенти Узбакистон пешгӯӣ мешуд, дар гузашта дар Вазорати умури хориҷа кор карда, намояндаи расмии Тошканд дар чандин созмони байналмилалӣ буд

Дар матбуот сари чанд вақт мусоҳибаҳои Ислом Каримов, писари Гулнора Каримов ва назари ӯ ба ҳабси модар ва моҷарои марбут ба фасоди ӯ пахш шудаанд. Ислом Каримов 25 сол дошта, дар яке аз сӯҳбатҳои охираш гуфта буд, ки дар моҳу рӯзҳои охири ҳаёти бобояш ӯву Имон ва модарашро нагузоштанд, ки сари болини ӯ ҳозир шаванд. Ин писар дар хориҷа ба сар мебарад.

Ислом Каримови хурдӣ дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо бахши узбакии телевизиони Би-би-сӣ он замон гуфт, ки хоҳараш дар Тошканд моҳе як бор аз Гулнора номае дарёфт мекунад ва модар дар ин номаҳояш менависад, ки зери фишор аст. Ислом гуфта буд, ки Имон талош дорад бо холаву модаркалонаш робита барпо карда, аз вазъи модар огоҳ бошад, вале ҳама талошҳо бенатиҷа будааст.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Худи Гулнора Каримова дар марҳилаи пеш аз ҳабсаш дар мушкилоти сараш омада модару хоҳараш Лоларо гунаҳкор донист ва онҳоро дар ғасби тиҷоратҳои муҳим дар Узбакистон муттаҳам намуд.

Охири моҳи июли имсол додситонии кулли Узбакистон хабар дод, ки Гулнора Каримова ба ҳабс гирифта шудааст. Додситонӣ гуфт, ки Каримова дар тақаллуб, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, нақзи қонуни гумрук ва қонунисозии пулҳои аз роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешавад. Дар ҳамин изҳорот гуфта шуд, ки августи соли 2015 додгоҳе дар Тошканд Каримоваро ба мӯҳлати 5 соли маҳдудият дар озодӣ таъин кард ва ӯро дар фирор аз пардохти андоз, ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва нобуд кардани санадҳои ширкатҳои оффшорӣ гунаҳкор донист.

Гулнора Каримова, ки замоне вориси падар дар тахти президентӣ пешгӯӣ мешуд, дар гузашта дар Вазорати умури хориҷа кор карда, намояндаи расмии Узбакистон дар чандин созмони байналмилалӣ будааст. Сафири Узбакистон дар Испания ва мушовири сафир дар Маскав ва намояндаи доимии кишвар дар СММ буд. Ҷудо аз корҳои давлатӣ Гулнора Каримова ба ҳайси тарроҳи либосу ҷавоҳирот ва муассиси бренди атриёти Guli маъруф шудааст. Ӯ инчунин талош кард ҳунари овозхонии худро бо исми мустаори Гугуша сайқал диҳад, вале дар муқоиса бо ҳунарҳои дигараш ин кор чандон муваффақ набуд.

Лола Тиллоева-Каримова
Лола Тиллоева-Каримова

Аммо номуваффақтарин марҳила ҳамоне шуд, ки ӯро дар чанд кишвари ғарбӣ барои фасоду ришвахорӣ муттаҳам карданд. Соли 2012 мақомот дар Узбакистон чандин шабакаҳои ТВ ва радиоҳои марбут ба Гулнораро дар саросари ин кишвар бастанд.

Моҳи сентябри соли 2016 президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов даргузашт. Ӯ 78 сол дошт ва сактаи мағзӣ сабаби марги ӯ дониста шуд. Аксарият он замон мушоҳида карданд, ки дар маросими дафни падару бобо на Гулнора буду на Имон ва на Ислом Каримови хурдӣ. Танҳо Лолаву модараш Татяна Каримова аз хонавода намояндагӣ карданд. Он замон гуфта шуд, ки Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ аст.

Баъди камтар аз ним солаш, яъне моҳи январи соли ҷорӣ як хабари расмӣ дар бораи макони будубоши Гулнора пахш шуд. Нашрияи Wall Street Journal хабар дод, ки рӯзҳои 9 ва 10 декабри соли 2016 додситонҳои Швейсария ҳамроҳ бо як ҳуқуқшиносе, ки аз Гулнора Каримова дифоъ мекунад, бо ӯ дар Тошканд мулоқоте доштанд. Нашрия навишт, ки бозпурсии Гулнора Каримова 23 соат идома дошт ва ҳуқуқшиносаш гуфт, аз амнияти Гулнора дар боздошт ҳарос дорад.

Охири моҳи августи имсол додситонии кулли Узбакистон аз мақомоти Русия хост, ки хонаву дороиҳои Гулнора дар Русия ҳабс шавад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG