Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бар асари таркиши бомбаи роҳ як пири зидди Толибон бо писараш ва як мусофири дигар кушта шуд.
Ба гуфтаи мақомот, ду тани дигар, бо шумули раҳбари қабила, дар таркиши рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Амбар, шимоли шарқи минтақаи Моҳманд, захм бардоштанд.
Масъулияти ҳамларо, ки дар рӯзи таҷлили Иди Азҳо ё Иди Қурбон ба вуқӯъ пайваст, то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст. Аммо шубҳа рӯи ҷангҷӯёни Толибон афтид, ки бисёр вақт пирони тарафдори ҳукуматро дар манотиқи қабиланишин ҳадаф қарор медиҳанд.
Низомиёни Покистон дар солҳои ахир алайҳи ҷангҷӯён якчанд амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон анҷом доданд. Аммо хушунатҳо ҳамоно идома доранд.