Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Ширкати ҳавопаймоӣ билети парвози Хужинаро дод


Татяна Хужина, як шаҳрванди Русия, ки дар додгоҳи Тоҷикистон барои қочоқи тангаи давраи подшоҳӣ айбдор шуд, гуфт, рӯзи 6-уми сентябр бо духтараш ба ватан бармегардад. Дар сӯҳбат бо оҷонсии "Интерфакс" ин зан гуфтааст, ки ширкати ҳавоӣ рӯзи 31-уми август билети парвози ӯву духтарашро пурра барқарор кард.

Дар иттиҳоми Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт шуд, ки Хужинаву духтараш аз рейси 201-и самти Душанбе-Маскав боздошта шуданд ва ин рейс марбут ба ширкати “Сомон Эйр” мебошад. Хужина гуфтааст, рӯзи 1-уми сентябр мӯҳлати аз ҷониби додгоҳ муқаррашудаи будубоши ҳатмиаш дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва ӯ метавонад дигар ба ватан баргардад.

Татяна Хужина то 26-уми августи соли ҷорӣ ҳукми додгоҳро иҷро кард ва ба фоидаи ҳукумати Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пардохт намуд. Як қисми ин маблағро ширкати “Газпром” додааст. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ сафорати Русия дар Душанбе қазияро аз наздик мушоҳида мекард.

Ба Татяна Хужина аз рӯи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 6 соли зиндон таҳдид мекард. Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми август ҳукм кард, ки шаҳрванди Русия ба пардохти 100 нишондиҳанда – баробар бо 5000 сомонӣ ё 561 доллари амрикоӣ вазифадор мешавад.

Дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки рӯзи 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз дохили бағоҷи дастии Хужина як адад тангаи мисин, ки дар ду тарафи он навиштаҷоти «копьи ки. Е. М.» ва «1823 г.» дошт дарёфт ва мусодира гардид.

Худи Хужина гуфт, ки тангаи қадимаро ҳамроҳаш аз Русия оварда буд ва ҳеҷ фикр намекард, ки он метавонад арзиши фарҳангию таърихӣ дошта бошад. Ҷараёни баррасии ин қазия дар маҷмӯъ каме бештар аз ду моҳ идома кард.

XS
SM
MD
LG