Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Global Firepower артиши Амрикоро қудратманддарин дар ҷаҳон номид


Аскари Ҷумҳурии Чех дар либоси сарбози ИМА дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон
Аскари Ҷумҳурии Чех дар либоси сарбози ИМА дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар раддабандии артишҳои қудратманди ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. Дар ин бора ширкати Global Firepower гузориш пахш кард. Дар ҷойи дуюм Русия ва сеюм Чин қарор доранд. Британия, Ҷопон, Туркия ва Олмон ба даҳгонаи аввал шомил шудаанд.

Бори аввал нест, ки дар чунин раддабандиҳо Амрико ҷойи аввалро мегирад. Омили аслӣ, ки қудратмандии артишро муаян мекунад, теъдоди нерӯҳо, самоягузорӣ ва танавои таслиҳот аст. Хазинаи Амрико барои артиш ҳамоно нӯҳ баробар бештар аз Русия аст. Дар феҳраст артиши 133 кишвар раддабандӣ шуд. Дар ин раддабандӣ Украина дар ҷойи 30-ум, байни Шведсия ва Мъянмой қарор дорад.

Ҳафтаи равон маълум шуд, ки Русия дастикам 60 дарсади ҳазинаҳои низомиашро аз Созмони Милали Муттаҳид пинҳон кардааст.

XS
SM
MD
LG