Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон изҳороти Трамп оиди "паноҳгоҳи ҷангҷӯён"-ро рад кард


Сарбози Покистон дар назди порлумон
Сарбози Покистон дар назди порлумон

Порлумони Покистон изҳороти президенти ИМА Доналд Трампро, ки ин кишвар ба ҷангҷӯён паноҳгоҳ медиҳад, маҳкум кард.

Рӯзи чаҳоршанбе палатаи поёнии порлумони Покистон алайҳи ин изҳорот қатънома қабул кард. драиси ҷумҳури Амрико рӯзи 22 август гуфт, Вашингтон ин рафтори Покистонро, ки ба гуруҳҳои тундрави мисли "Толибон" паноҳгоҳ медиҳад, дигар таҳаммул нахоҳад кард.

Баёнияи Трамп ҳукуматдорони Покистонро ба хашм овард ва боиси эътирозҳо дар бархе аз шаҳрҳои Покистон шуд. Маҷлиси миллии Покистон баёнияи Трампро "душманона" номид ва аз ҳукумат хост, табодули ҳайатҳоро миёни Покистон ва Иёлоти Муттаҳида ба таъхир андозад.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон пештар аз ин сафари намояндаи махсуси Вашингтон дар Покистон ва Афғонистон Элис Уэллсро бидуни огоҳӣ бекор кард.

XS
SM
MD
LG