Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия алайҳи қарори ИМА нисбат ба муҳофизони Эрдуғон эътироз кард


Ҷанҷол дар назди қароргоҳи сафири Туркия дар Вашингтон
Ҷанҷол дар назди қароргоҳи сафири Туркия дар Вашингтон

Вазорати умури хориҷии Туркия алайҳи ба гуфти он қарори "муғризона"-и додситонҳои Амрико, дар робита ба 15 узви хадамоти амнияти президент Эрдуғон, ки моҳи май дар Вашингтон бо тазоҳургарон вориди даргирӣ шуданд, эътироз кард.

15 афсари амнияти Туркия аз гурӯҳи 19-нафарӣ аст, ки ба гуфтаи додситонҳо ҳайъати доварон онҳоро дар заминаи задухурди моҳи май бо эътирозгарон дар Вашингтон айбдор эълон кард.

Дар айбнома муҳофизони Эрдуғон ва афроди дигар, ки номашон зикр нашудааст, ба ин муттаҳам шудаанд, ки онҳо, ҳангоми бозгашти президенти Туркия аз мулоқот бо президент Трамп, дар назди қароргоҳи сафири Туркия алайҳи тазоҳуроти осоишта аз хушунат кор гирифтанд.

Туркия иддао дорад, ки этирозгарон узви гурӯҳи ғайриқонунии ҷангиёни Курд буданд ва муҳофизон аз Эрдуғон ҳимоят карданд.

Вазорати умури хориҷии Туркия мегӯяд, ки алайҳ ин қарори ба гуфтаи онҳо "беасос" бо роҳҳои ҳуқуқӣ мубориза хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG