Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои ИМА ҳангоми тамрини "Ғарб" фазои Балтикро посбонӣ мекунанд


Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО дар Аврпуо Тод Уолтерс

Иёлоти Муттаҳида барои посбонии фазои кишварҳои узви НАТО -- Литва, Латвия ва Эстония дар ҷараёни размоишҳои бузурги низомии Русия, ки моҳи оянда дар минтақаи Балтик гузаронида хоҳанд шуд, гуруҳи зарбазанро фиристод.

Тамрини низомии "Ғарб", ки қарор аст рӯзҳои 14-20 сентябри соли равон дар Белорус, ғарби Русия ва Калининград баргузор шавад, нигаронии кишварҳои минтақаро ба бор овардааст. Ҳарчанд Русия гуфтааст, ки дар ин тамрин танҳо сенарияҳои дифоӣ озмоиш хоҳанд шуд.

Ҳафтаи равон 7 ҳавопаймои F-15-и ИМА бо ҳадафи посбонии фазои кишварҳои Балтик дар фурудгоҳи шаҳри Шяуляй мустақар шуданд.

Ин се кишвари Балтик ҳавопаймоҳои ҷангӣ надоранд ва умдатан ба ҳампаймонҳояшон дар НАТО такя мекунанд. "Мо посбонии ҳавоиро дар рафти размоиши "Ғарб" пурзӯр мекунем ва хушҳолем, ки дар инҷо нерӯҳои иловагии хушкигард низ ҳастанд", - гуфт муовини вазири дифои Литва Витаутас Умбрасас дар Шяуляй ба хабарнигорон.

Муовини вазири дифои Литва 600 сарбози нирӯҳои ҳавоии ИМА-ро дар назар дошт, ки дар рафти баргузории размоиши "Ғарб" дар соҳили Балтик ҷойгир шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG