Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: cенатори пешини Чеченистон Умар Ҷабраилов боздошт шуд


Умар Ҷабраилов
Умар Ҷабраилов

Cенатори пешини Шӯрои Федератсия аз Чеченистон, соҳибкор Умар Ҷабраилов дар Маскав боздошт шуд.

Хабаргузориҳои Русия рӯзи 30-юми август бо такя ба манбаъҳои худ гуфтанд, ки Ҷабраилов дар яке аз меҳмонхонаҳои Маскав аз силоҳи оташфишон тир кушодааст. Аз рӯи ин ҳодиса мақомот бо иттиҳоми "авбошӣ" парванда боз карданд. Аммо хабаргузориҳо баъдан гузориш доданд, ки Ҷабраилов ба шарти берун нарафтан аз Маскав озод шуд.

Умар Ҷабраилов солҳои 2004-2009 дар Шӯрои Федератсия аз Чеченистон намояндагӣ мекард. Ӯ дар мақоми ноиби раиси кумитаи Шӯрои Федератсия дар умури байналмилалӣ низ фаъолият карда ва ба ҳайати Русия дар Ассамблеяи Порлумонии Шӯрои Аврпуо шомил буд.

Ҷабраилов, инчунин, ба бизнеси сохтмон ва бунёди меҳмонхонаҳо машғул буд.

XS
SM
MD
LG