Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РБК: Русия 60 дар сади ҳазинаҳои низомиашро аз СММ пинҳон кард


Сарбозони артиши Русия
Сарбозони артиши Русия

Русия 60 дар сади ҳазинаҳои низомиашро аз Созмони Милали Муттаҳид пинҳон кардааст,- дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 30 август гузориш дод. Дар ҳисоботи ҳазинаҳои низомии Русия, соли 2016 ба СММ, ҳароҷот 2 триллион рубл гуфта шудааст, дар ҳоле, ки ин рақам дар буҷаи Русия 3,8 триллион аст, Аз рӯи ҳисоботи Русия ҳазинаҳои низомӣ гӯё коҳиш ёфтаанд, аммо дар асл онҳо бештар шудаанд.

РБК ҳисобҳои Василий Затсепин, мудири лабараторияи Пажуҳишгоҳи иқтисоди низомиро намуна овардааст, ки бар пояи ин ҳисобҳо кулли ҳазинаҳои низомии буҷаи Русия дар соли 2016 ҳудуди 5 триллион рубл, ё 5,7 дар сади тавлиди нохолиси дохилиро ташкил дод. Ин рақам ба гузориши Пажуҳишгоҳи таҳқиқи мушкилоти ҷаҳон, мақари он дар Стокҳолм наздик аст, ки хароҷоти низомии Русия дар соли 2016-ро 4,6 триллион рубл шумурдааст.

Манбаъи РБК тафовути рақамҳоро ба афзоиши бахши махфии буҷа рабт медиҳад. Соли 2016 дар бахши "мудофиаи миллӣ" беш аз 70 дар сади ҳазинаҳо пӯшида буданд.

Биноба маълумоти пажуҳишгоҳи Стокҳолм Русия дар заминаи харҷҳои низомӣ ҷойи сеюмро дар ҷаҳон ишғол кард ва аз Арабистони Саудӣ пеш гузашт.

XS
SM
MD
LG