Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Девони ДИИШ шиносномаҳои Тоҷикистон ёфт шуд


Воҳидҳои Мардумии Басиҷ дар ҳамла ба Талъафар
Воҳидҳои Мардумии Басиҷ дар ҳамла ба Талъафар

Нирӯҳои низомии Ироқ дар ҷараёни озодсозии шаҳри Талъафар аз ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИИШ) садҳо санад, аз ҷумла шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро пайдо кардаанд.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба манбаи худ дар артиши Ироқ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, фармондеҳии амалиёти бозпасгирии Талъафар гуфтааст, ки шаҳр пурра озод шуд. Шиносномаҳоро аз Девон ё раёсати ДИИШ пайдо кардаанд.

"Дар девон садҳо ҳуҷҷат нигаҳдорӣ мешуд. Ҳоло ин санадҳо барои таҳқиқ дар ихтиёри хадамоти махсус гузошта шуданд", - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи рӯзноманигорони рус, ки ба асноди мазкур дастрасӣ пайдо кардаанд, бештари онҳо ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Судон ва Чин тааллуқ доранд. Баъзе санадҳо дар бораи муҳлати будубоши ҷангиён дар сафи ДИИШ ва иштироки онҳо дар ҷангҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия маълумот медиҳанд.

Шаҳри Талъафар бузургтарин паноҳгоҳи ҷангиён дар марзи Ироқ бо Сурия ба шумор меояд. Ин шаҳр дар ғарби Мавсил, "пойтахт"-и ДИИШ ҷойгир аст, ки чанде пеш озод карда шуд.

XS
SM
MD
LG