Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Русия хост, мубориза зидди нажодпарастиро пурзӯр кунад


Гуруҳи коршиносони мустақили СММ рӯзи душанбе гузориши махсуси худро ба Кумитаи мубориза зидди табъизи нажодӣ пешниҳод карданд. Муаллифони гузориш ба рафтори мухлисони футбол дар арафаи ҷоми ҷаҳон-2018 дар Русия таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар Русия зодагони Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ мавриди ҳамлаи ба истилоҳ "казакҳо" қарор мегиранд. Коршиносони СММ мегӯянд, бештари боздоштҳои пулиси Русия ба ҷиноятҳои дорои хусусияти нажодпарастӣ марбут аст.

Дар Москва ваъда доданд, ки гузориши ҳомиёни ҳуқуқро бодиққат меомӯзанд. Манбаи хабаргузории "Интерфакс" дар Женева гуфт, хулосаҳои СММ ба зиммаи Русия ӯҳдадориҳои сиёсӣ намегузорад.

XS
SM
MD
LG