Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ду ҷангҷӯии эҳтимолиро безарар гардониданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ҷузъиёти амалиёти зиддитеррористии худро дар вилояти Чуйи ин кишвар шарҳ дод. Ба огаҳии кумита, дар натиҷаи амалиёти мазкур ду узви эҳтимолии гуруҳи байналмилалии террористӣ нобуд ва як тани дигар захмӣ карда шуд. Аз низомиён касе осеб надидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, шаби 24 август кормандони пулис дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мошини "Ниссан Пресаж"-ро боз доштанд. "Ҳангоми бозҷӯӣ мусофирон - аъзои гуруҳи террористӣ бо туфангчаи "Макаров" ва норинҷак кормандони пулисро таҳдид карда, ба ҷойи номаълум паноҳ бурданд", - афзудааст манбаъ.

28 август дар натиҷаи амалиёти муштараки КДАМ ва ВКД Қирғизистон як узви созмони мазкур дар Бишкек боздошт шудааст, ки аз дохили мошин ва манзили зисташ силоҳ, тирдони туфангчаи "Макаров", тирҳои ҷангӣ ва дастгоҳҳои электронӣ пайдо кардаанд.

Маъмурони амниятии Қирғизистон 29 август маҳалли будубоши аъзои дигари гуруҳро муайян карда, онҳоро дар ноҳияи Жайил ба муҳосира гирифтанд ва хостанд, ки таслим шаванд. Вале гумонбарон талаби амниятиҳоро рад карда, зиддияти мусаллаҳона нишон додаанд. Дар натиҷаи оташкушоии ҷавобӣ ду узви гуруҳ безарар ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Ҳангоми бозҷӯии маҳалли зисти онҳо норинҷаки РГД-5, туфангчаи "Макаров" ва корд ёфтаанд. Норинҷаки пайдошударо дар маҳалли ҳодиса безарар гардониданд. Ба ҷуз ин, шарикони аъзои гуруҳ низ дастгир ва ба боздоштгоҳи КДАМ интиқол дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG