Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Тавсеаи корхонаи ҳастаии Венгрия соли 2018 оғоз мешавад


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки тавсеаи корхонаи ҳастаии Венгрия оғози соли оянда шурӯъ мешавад. Путин дар ин бора рӯзи 28-уми август дар мулоқот бо нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар дар Будапешт изҳори назар кард.

Соли 2014 зимни боздидаш аз Маскав Орбан як созишномаи ихтисоси қарзи 12-миллиарддоллариро бо Русия имзо кард ва он марбут ба навсозии корхонаи ҳастаии Пакс дар 130-километрии ҷануби Будапешт мебошад. Баъд аз чандин санҷиш сохторҳои аврупоӣ моҳи март ба Будапешт ризоят доданд, ки метавонад аз пайи тавсеаи ин коргоҳ бошад.

Дар ин тасмим, инчунин, масъулияти ҳукумати Венгрия ҳам таъкид шудааст, ки набояд аз энержии ҳастаӣ бештар аз меъёри муқарраршуда истифода кунад.

Вале мунаққидон мегӯянд, ки тарҳи коргоҳи ҳастаии Венгрия бо хатари фасод рӯбарӯ мешавад ва ҳам метавонад вобастагии Будапештро аз Маскав афзоиш диҳад. Ҳизбҳои сиёсии Венгрия бо сафари Путин ба ин кишвар мухолифат карда, ҳукумати Орбанро дар наздикшавии аз ҳад беш бо Русия интиқод намуданд.

XS
SM
MD
LG