Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Кобул ҷони як нафарро гирифт


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, таркиши идораи бонке дар маркази шаҳри Кобул рӯзи 29 август бо марги дасти кам як нафар анҷомид. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки таркиш дар даромадгоҳи “Кобул бонк” дар наздикиҳои сафорати ИМА рух дод. Як мақом дар вазорат гуфт, таркиш замоне рух дод, ки коргарони зиёд барои гирифтани пул дар остонаи Иди Қурбон пушти дари бонк дар навбат истода буданд.

Як сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар паи таркиш як нафар кушта ва 8 тан захмӣ шуданд. Вале Басир Муҷоҳид, сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки дар таркиш 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ин ҳодиса як ҳафта баъди муаррифии стратегияи нави президенти ИМА Доналд Трамп барои Афғонистон рух дод, ки бозгашти нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистонро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG