Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ асноди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ёфт шудааст


Нирӯҳои низомии Ироқ дар ҷараёни озодсозии шаҳри Талъафар аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” садҳо санади ҷангҷӯёни тоҷику узбак ва қирғизро кашф кардаанд.

Ин аснод дар Девон ё раёсати ДОИШ пайдо шудааст. Бино ба иттилои манобеи расмии Русия, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 10 ҳазор сокинони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кардаанд.

Рӯзи 27-уми август шаҳри Талъафар комилан аз дасти ҷангҷӯён озод шуд. Ин шаҳр аз марказҳои бузурги гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба шумор мерафт.

Дар миёни ҳуҷҷатҳои ёфтшуда аснод дар мавриди таърихи пайвастани ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва маълумот дар бораи иштироки онҳо дар ҷангҳо дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ ба мушоҳида расидааст.

Ба гуфтаи ситоди фармондеҳии нирӯҳои низомии Ироқ, ин санадҳо барои тафтиш ва баррасии баъдӣ ба хадамоти ҷосусӣ супурда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG