Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Ислом Каримов аз мақоми сафирӣ истеъфо дод


Лола Каримова - Тиллоева
Лола Каримова - Тиллоева

Лола Каримова-Тилоева, духтари хурдии президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов гуфт, ки ӯ баъди нӯҳ соли фаъолият аз мақоми намояндаи Узбакистон дар ЮНЕСКО истеъфо медиҳад.

Лола Каримоваи 39-сола рӯзи 28 август зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалие дар Самарқанд гуфт, ки акнун мехоҳад бештар ба хонаводааш, ҳадафҳои хусусиаш ва барномаҳое машғул шавад, ки дар Бунёди Ислом Каримов татбиқ мешаванд.

Эълони истеъфои Каримова аз мақоми намояндаи Узбакистон дар Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури маориф, илм ва фарҳанг як сол баъди марги падараш эълон шуд. Тасдиқи расмии марги Ислом Каримов 2 сентябр пахш гардид.

Ислом Каримов раҳбари коммунист, сернуфустарин кишвари Осиёи Марказиро 27 сол бо мушти оҳанин идора кард ва, хадамоти амнияту истихборотро барои бастани даҳони дигарандешон ба кор бурд.

Гулнора Каримова, духтари 45-солаи Ислом Каримов, ки як замон аз чеҳраҳои машҳури муду тарроҳӣ, ситораи поп ва сафири кишвар дар оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Женева буд, ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Моҳи гузашта мақомоти Узбакистон гуфтанд, Каримова баъди он ки додгоҳ ӯ ва як идда тарафдоронашро ба содир кардани ҷиноятҳое монанди тамаъҷӯӣ, азхудкунии маблағҳо ва саркашӣ аз пардохти молиёт муттаҳам кард, ба "озодии маҳдуд"-и 5-сола маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG