Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ: Маро ба табадуллот муттаҳам карданианд


Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ – раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон ва раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина – гуфт, ки Тифлису Киев ӯро барои гӯё тарҳрезии табадуллот дар Гурҷистон муттаҳам карданианд.

Саакашвилӣ рӯзи 26-уми август дар "Фейсбук" навишт, мақомоти Гурҷистон дар ин маврид бо мақомоти Украина "дар ҳамкории комил ё фаъолона ҳастанд". Ӯ навишт, "онҳо ба Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ваъда додаанд, ки ин масъала қабл аз 10-уми сентябр матраҳ мешавад".

Михаил Саакашвилӣ мегӯяд, ин иттиҳомот "дастаки қонунӣ" барои боздошти ӯ дар ҳудуди Украина хоҳад шуд. Аммо ӯ чунин иттиҳомро бофта донист ва гуфт, ки "ангезаи сиёсӣ дорад".

Рӯзи шанбе раҳбари телевизиони "Рустави-2"-и Гурҷистон Ника Гварамия низ гуфт, иттиҳоми табаддулот алайҳи Саакашвилӣ матраҳ аст.

Саакашвилӣ соли 2015, баъди онки шаҳрвандии Украинаро гирифт ва раиси вилояти Одесса шуд, аз ҳаққи шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум гардид. Аммо ӯ моҳи ноябри соли гузашта аз мақоми раиси вилояти Одесса истеъфо дод ва сабабашро бепарвоии Киев барои роҳандозии ислоҳоти муҳим донист.

Тифлис расман аз Киев дархост кардааст, ки раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилиро ба ватанаш истирдод кунад. Мақомоти Гурҷистон Саакашвилиро дар латту кӯби намояндаи порлумон, харҷи ғайримақсадноки 4 миллион доллар, пароканда кардани тазоҳуроти осоишта дар моҳи ноябри соли 2007 ва даст доштан дар ҳамла ба шабакаи телевизионии "Имеди" муттаҳам медонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG