Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба масҷиди Имоми Замон ба 28 нафар расид


Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, ки теъдоди қурбониёни ҳамла ба масҷиди Имоми Замон дар шаҳри Кобул ба 28 нафар расид. Исмоил Ковусӣ, масъули робита бо ҷомеаи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 50 захмӣ низ ба бемористони пойтахти Афғонистон интиқол шудаанд.

Ӯ вазъияти бархе аз маҷрӯҳонро ташвишовар хонд. Ковусӣ гуфт, ки “ҳолати маризон таҳти назорат аст. Як теъдоди маҳдуд мушкилот доранд, ки дар натиҷаи талоши табибон бартараф хоҳад шуд.”

Афроди муслалаҳ, ки баъдан гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” онҳоро сарбози худ донист, рӯзи ҷумъа болои намозгузорони масҷиди Имоми Замон дар Кобул ҳамла карданд. Ин масҷид марбут ба аҳли ташаюъ буда ва шумори зиёде аз мардум барои адои намози ҷумъа дар онҷо гирд омада буданд.

Баъзе мақомҳои афғон теъдоди ҳамлаваронро чаҳор тан донистаанд.

XS
SM
MD
LG