Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Қирғизистон ҳукумати навро тасдиқ кард. ИНФОГРАФИКА


Сафар Исҳоқов 40 сол дорад

Парлумони Қирғизистон номзадии Сафар Исҳоқовро дар мақоми нахуствазирӣ ва ҳам ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кард. Иҷлосияи ғайринавбатии парлумон бо машварати президент Алмосбек Отамбоев баргузор шуд ва дар овоздиҳӣ аз 120 вакил 102 нафар иштирок карданд. Ба ҷонибдории қабули номзадии Исҳоқов 97 вакил раъйи мусбат дода 5 нафар мухолиф баромаданд. Субҳи имрӯз барномаи ҳукумати Қирғизистонро эътилофи аксарияти парлумонӣ баррасӣ ва қабул кард.

Сафар Исҳоқов 40 сол дошта, дар мақоми раиси дастгоҳи президент кор кардааст. Ӯ узви ҳизби ҳоким ва як шахси наздик ба президент Отамбоев ба шумор меравад. Пешниҳоди ӯ ба ин мақом муддатҳо пеш пешгӯӣ мешуд. Нахуствазири пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ки аз номи ҳизби ҳоким ба президентӣ пешбарӣ шудааст, ҳафтаи ҷорӣ бо ҳамин сабаб ба истеъфо рафт ва шаҳодатномаи номзади интихоботиро ба даст овард.

Дар Қирғизистон рӯзи 15 октябр интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад ва то ҳол 59 нафар гуфтаанд, ки мехоҳанд дар муборизаи интихоботӣ иштирок кунанд. Вале Комиссиюни марказии интихоботҳо то кунун танҳо чанд нафарро расман барои ширкат дар интихобот роҳ додааст.

Аъзои дигари ҳукумати нави Қирғизистон:

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 25-уми майи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG