Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили порлумон дар Чеченистон кушта шуд


Порлумони Чеченистон
Порлумони Чеченистон

Мақомоти Русия мегӯянд, ки як вакили порлумони Чеченистон дар роҳи байни шаҳри Ачхой-Мартан ва Грозний бо зарби гулӯла кушта шуд.

Кумитаи федеролии тафтишот гуфт, ки намояндаи мардумии минтақавӣ субҳи 25 август дар ҳамлаи мусаллаҳона ба мошинаш ҷароҳати вазнин бардошт ва ҳалок шуд. Кумитаи тафтишон ҳуввияти ин намояндаи мардумиро ошкор накард.

Аммо Генадий Зюганов, раҳбари Ҳизби Коммунисти Русия бо нашри таъзиянома аз қурбонӣ узви Ҳизби Коммунист Мухмад Азҳабов ном бурд. "Азҳабов "дӯст, бародар ва рафиқ" буд, гуфтааст Зюганов дар сомонаи Ҳизби Коммунист.

На Зюганов ва на Кумитаи федеролии тафтишот дар бораи ангезаи ин куштор чизе нагуфтаанд.

Қафқози Шимолӣ ба хушнутҳои маргбори шӯришгарони исломӣ рӯ ба рӯ аст, ки аз ду ҷанги ҷудоиталабонаи посошӯравӣ реша мегирад.

Ҷиноятҳои муташакил, ҷангҳои чирикӣ, баҳсҳои сиёсӣ ва рақобати қавмӣ ба ин хунрезиҳо ҳиссаи худро зам кардаанд.

Мақомоти давлатӣ, мусалмонҳои муътадил, хабарнигорон ва ходимони пулис пайваста дар ин минтақа мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мунақидони ҳукумат мегӯянд, ки раҳбари кремлгарои Чеченистон Рамазон Қодиров ин минтақаро тавассути тарсонидани мардум идора мекунад ва пулису нерӯҳои мусаллаҳи таҳти назораташро барои амалӣ кардани дастуроти худ ва саркӯб кардани дигарандешон истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG