Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати ИМА дар Гурҷистон омодааст ба шаҳрвандони Русия раводид диҳад


Сафорати Амрико дар Гурҷистон мегуяд, агар шаҳрвандони Русия ба бахши консулгарии он дар Тбилисӣ муроҷиат кунанд, сафорат омодааcт ба онҳо виза диҳад. Қабули аризаи шаҳрвандони кишвари сеюмро сафорат "фароянди маъмулӣ" номид. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи ҷумъа гузориш дод.

Изҳорот метавонад ба бештар тӯл кашидани муҳлати баррасии аризаҳо дар консулгарии Амрико дар Маскав рабт дошта бошад. Сар аз моҳи сентябр раводиди Амрико танҳо дар консулгарии пойтахт дода мешавад. ИМА ин ҳолатро ба чораҳои ҷониби Русия марбут кард, ки теъдоди кормандони дипломатии Амрикоро маҳдуд кардааст.

Изҳороти сафорати ИМА дар Гурҷистон метавонад барои сокинони Қафғози Шимолӣ, водиҳои Карснодар ва Ставропол муфид бошад.

Қаблан Гурҷистон режими раводид барои шаҳрвандони Русияро ба таври якҷониба лағв кард ва бошандагони манотиқи номбурда метавонан дар якчанд соат худро то Тбилиси расонанд.

Мӯҳлати сӯҳбат барои гирифтани визаи Амрико дар Гурҷистон 8 рӯз муайян шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG