Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони кулли Русия ба Интерпол эътироз фиристод


Уилям Браудер

Додситони кулли Русия ба қарори ахири Интерпол эътироз кард, ки дархости Маскав барои судури амри боздошти сармоягузор Уилям Броудерро рад кардааст.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 24 август навишт, ки Вазорати дохилии Русия моҳи июни соли 2017 барои боздошти Броудер, дар заминаи ҷиноятҳояш дар Русия, ба Интерпол "тавҷеҳи қирмиз" фиристод. Аммо Интерпол ин дархостро рад кард.

Шӯрои Аврпуо соли равон талошҳои Русияро барои боздошти Уилям Броудер тавассути Пулиси байналмилалӣ шадидан танқид кард ва гуфт, ки Русия мехоҳад ҳадафҳои сиёсиашро тавассути ин сохтор пиёда кунад.

Соли 2013 Русия сармоягузор Уилям Броудерро дар ғиёбаш ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Броудер иттиҳомотеро, ки Маскав алайҳи ӯ пеш гузоштааст, бе появу асос ва "сиёсӣ" унвон кард. Интерпол чанд дархости қаблии Русияро барои боздошти ин сармоягузор рад кардааст.

Броудер бунёдгузори Hermitage Capital аст, ки то соли 2005, то замони фирораш аз Русия аз сармоягузорони умдаи ин кишвар ба шумор меомад.

Мақомоти Русия мехоҳанд бо маъракаи айбдор кардани Броудер қонуни "Акти Магнитский"-и Ийолоти Муттаҳидаро ба чолиш бикашанд. "Акти Магнитский" лағви раводид ва ҳабси дороиҳои он шаҳрвандони Русияро пайгирӣ мекунад, ки дар марги ҳисобдор Сергей Магнитский даст доштанд.

Макнитский, ки бо Броудер кор мекард то замони маргаш дар соли 2009, мақомоти идораҳои ҳифзи тартибот ва молиётро ба фасодкории густарда муттаҳам карда буд. Хонаводаи Магнитсткий ва дӯстонаш мегӯянд, ки ӯ дар пайи шиканҷаи шадид ва надоштани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ дар маҳбас даргузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG