Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи парлумон Сафар Исҳоқовро ба нахуствазирӣ пешбарӣ кард


Эътилофи аксарият дар парлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 25 август бо таъйини номзадии Сафар Исҳоқов ба мақоми нахуствазири ин кишвар мувофиқат кард. Дар ин ҷаласа Исҳоқов барномаи кори худро муаррифӣ кард, ки ба гуфтааст, аз 9 барномаи миллии рушд ва 9 барномаи ислоҳот иборат аст. Ҳамроҳ бо ӯ ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон ҳам дар рӯйхат барои тасдиқи баъдӣ пешниҳод шуд. Аз миёни аъзои собиқи ҳукумат, аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки вазири пешини умури хориҷӣ Эрлан Абдилдаев ва вазири умури дохила Улан Исроилов дар мақомҳои худ бимонанд. Номзадии ин нафарон бояд дар иҷлосияи парлумон баррасӣ ва тасдиқ шавад.

XS
SM
MD
LG