Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомдори ВКД баъди пахши роҳгузар бо мошинаш барканор шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корманди ин ниҳодро, ки дар нақзи қоидаи роҳ ва пахши як пиёдагард муттаҳам мешавад, аз кор барканор кардааст. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми август хабар дод, ки “Раҳимов Парвиз, ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии 22-юми августи соли 2017, соати 21:30-дақиқа ҳангоми ронандани автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи С.Шерозии пойтахт пиёдагард Маҳмадов Хисрав, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой меафтонад”.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе маводҳо тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд”. Манбаъ меафзояд, ки ин капитани милиса “бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG