Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони рус Серебренников таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт


Кирилл Серебренников
Кирилл Серебренников

Додгоҳи Басманнии Маскав рӯзи чаҳоршанбе раҳбари бадеии театри "Гогол-центр" Кирилл Серпебренниковро, ки ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург гумонбар шудааст, то 19 октябр таҳти ҳабси хонагӣ қарор дод. Дар ин бора хабарнигори Озодӣ аз толори додгоҳ гузориш дод.

Ба коргардон амр шудааст, ки аз хонаи худ берун наравад, аз интернет, телефони мобил ва почта истифода накунад. Амри ҳабси хонагӣ бо пофишории тафтишот содир шуд. Вакили Себренников аз додгоҳ дархост кард, ки зерҳимояаашро бо пардохти гаравпулие, ки дар дар санадҳои паравандаи ҷиноӣ омадааст, озод кунад. Вакил гуфт, ки аз рӯи қарори додгоҳ шикоят мекунад.

Кирилл Серебренников рӯзи 22 август дар Маскав боздошт шуд ва ба Петербург интиқол ёфт. Тафтишот мегӯяд, коргардон сирқати 62 миллион рублро ташкил кард, ки барои намоишномае дар "Студияи -7" ҷудо шуда буд ва баъдан қисме аз шаҳодати ҷиноятро нобуд кард.

Серебренников иттиҳомро рад мекунад. Аз Серебренников чеҳраҳои шинохтаи телевизион ва театри Русия пуштибонӣ мекунанд. Рӯзи мурофиа садҳо нафар барои пуштибонӣ аз ӯ дар назди додгоҳи Басманний ҷамъ омаданд.

XS
SM
MD
LG