Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон бо гумони ҷалби шаҳрвандон ба Сурия хориҷиҳо боздошт шуданд


Дар Қирғизистон шаҳрвандони яке аз кишварҳои ИДМ-ро бо гумони фаъолиятҳои террористӣ ва робита доштан бо ҷангҷӯёни Сурия боздошт карданд.

Тавре маркази матбуотии КДАМ-и Қирғизистон хабар медиҳад, дар Бишкек мубаллиғони созмонҳои байналхалқии террористӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти қирғиз аз боздоштшудаҳо Г.А. соли таваллуди 1966 ва С.С. соли таваллуди 1971 - шаҳрвандони яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ном мебаранд. Ҳарду боздоштшуда дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд.

"Номбаршудаҳо бо ҳадафи дарёфти дастурҳои баъдӣ аз созмонҳои террористӣ вориди Қирғизистон шуданд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ-и Қирғизистон. Ин ниҳод хабар медиҳад, ки боздоштшудаҳо барои фиристодани одамон ба Сурия шиносномаҳои қалбакӣ омода кардаанд.

Охири моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Қирғизистон аз боздошти чаҳор нафар хабар доданд, ки ин афрод нияти ташкили силсилаи таркишҳои террористиро дар Қирғизистон доштанд. Пештар аз ин котиби Шӯрои амнияти он кишвар Темир Ҷумақодиров гуфт, соли 2016 аз 17 талоши теракт пешгирӣ ва 3 узви созмонҳои террористӣ кушта шуд.

Бино бар иттилои расмӣ, бештар аз 500 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд. Ҳамзамон, бо айби терроризму тундгароӣ дар зиндонҳои Қирғизистон 185 шаҳрванд адои ҷазо мекунанд.

XS
SM
MD
LG