Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони ҳамлаи Испанияро ба додгоҳ бурданд


Сарбозони амниятӣ гумонбарони ҳамлаи Каталонияро ба додгоҳ мебаранд

Пулиси Испания чаҳор гумонбари ҳамлаи Каталонияро ба додгоҳи Мадрид интиқол дод. Хабаргузории Reuters рӯзи 22-юми август гуфт, ки чораҳои амниятӣ дар атрофи додгоҳ тақвият ёфтанд.

Ба маълумоти пулис, дар ҳамлаи Каталония гурӯҳи муташакили иборат аз 12 нафар даст дошт. Гуфта мешавад, ки то имрӯз ҳамаи онҳо ё боздошт, ё ё кушта шудаанд.

Рӯзи гузашта пулис Юнус Абуяъқуб, нафареро, ки ба гуфтаи мақомот бо мошини боркаш пиёдагардҳоро пахш кард, бо туфанг аз байн бурд.

Дар ҳамлаи рӯзи 17-уми август дар Каталония 14 нафар кушта шуд. Дар ин ҳамлаҳо беш аз 100 нафар захм бардошт. Масъулияти ҳамлаи Каталонияро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG