Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳамлагари сургутиро паҳн карданд


Корманди пулис дар назди ҷасади ҳамлагар
Корманди пулис дар назди ҷасади ҳамлагар

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гумон меравад, Артур Ҳоҷиев бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" байъат кардааст. Ҳоҷиев 19 август дар Сургути Русия ҳафт одамро бо корд захмӣ кард.

Чеҳраи одаме, ки дар навор суҳбат мекунад, пӯшида аст. Хабар дода мешавад, ки навори видеоиро маркази матбуотии Furоt, ки ба ДИ вобаста аст, нашр кард.

19 август Артур Ҳоҷиеви 19-сола бо корд ба роҳгузарон ҳамла кард ва ба 7 нафар осеб расонд. Пулис ҳангоми боздошт ӯро парронд. "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт.

Мақомоти Русия ин ҳодисаро амали террористӣ эъллон карданд. Дар телевизионҳои федеролии Русия рӯйдодҳои Сургут тақрибан ёд намешавад.

XS
SM
MD
LG