Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек "террористҳои хориҷаи наздик"-ро боздошт кард


Узви гурӯҳи террористӣ. Акс аз Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон

Дар Қирғизистон шаҳрвандони яке аз кишварҳои ИДМ-ро бо гумони фаъолиятҳои террористӣ ва робита бо ҷангҷӯёни Сурия боздошт карданд.

Ба гуфтаи маркази матбуотии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар, боздоштшудаҳо аз як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ буда, дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. Кумита шаҳрванди кадом кишвари мушаххас будани онҳоро ошкор накардааст.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, боздоштшудаҳо Г.А. соли таваллуди 1966 ва С.С. соли таваллуди 1971 бо ҳадафи дарёфти дастурҳои баъдӣ аз созмонҳои террористӣ вориди Қирғизистон шуданд. КДАМ-и Қирғизистон хабар медиҳад, ки боздоштшудаҳо барои фиристодани одамон ба Сурия шиносномаҳои қалбакӣ омода кардаанд.

Охири моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Қирғизистон аз боздошти чаҳор нафар хабар доданд, ки дар пайи ташкили силсилаи инфиҷорҳо дар Қирғистон буданд. Пештар аз ин котиби Шӯрои амнияти он кишвар Темир Ҷумақодиров гуфт, ки соли 2016 аз 17 талоши пешгирӣ ва 3 узви созмонҳои террористӣ кушта шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, бештар аз 500 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд. Ҳамзамон, бо айби терроризму тундгароӣ дар зиндонҳои Қирғизистон 185 шаҳрванд адои ҷазо мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG