Пайвандҳои дастрасӣ

Дар низои Украина 3000 сокини осоишта кушта шудаанд


Дар минтақаи даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина аз соли 2014 то кунун тақрибан 3 ҳазор сокини осоишта кушта шуда, беш аз 1 миллион хонавода тарки манзил кардаанд.

“Ба ҷуз аз ин, дар минтақаи низоъ наздики 500 кӯдак зиндагӣ мекунад”, - хабар дод бахши украинии Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх рӯзи 22-юми август.

Бино ба иттилои маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон дар Украина, давоми се соли ҷанг бо шумули низомиён 10 ҳазор одам кушта шудааст. Наздики 24 ҳазор тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пештар аз ин, Вазорати дифои Украина хабар дода буд, ки дар минтақаи низоъ дар Донбасс 2700 низомии украин кушта, беш аз 10 ҳазор тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Вазорат мегӯяд, хисороти ҷанг ба беш аз 50 миллиард доллар расид.

Украина ва кишварҳои Ғарб Маскавро дар пуштибонии низомӣ аз ҷудоихоҳон айбдор мекунанд. Кремл ин айбҳоро қатъиян рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG