Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додон гуфт, Молдова бидуни Русия буда наметавонад


президенти Молдова Игор Додон

Президенти Молдова Игор Додон аз тарафдорони минтақаи мухтори Гагаузия хост, ки зидди тарафдорони муттаҳидии Молдова ва Руминия мубориза баранд. Додон ин суханҳоро дар шаҳри Комрати маркази Гагаузия, дар ҷараёни таҷлили 26-умин солгарди мухторияти Гагаузия рӯзи 19 август ироа кард. Ҳузури раҳбарияти марказии Молдова дар чунин як маросим камназир аст. Додон дар суханронии худ аз Русия ба ҳайси кишвари стратегии Молдова ёд кард ва гуфт:

“Дӯстони азиз, барои мавҷудияти Молдова ва барои пешрафти он, бешубҳа, мо бояд бо Ғарб ва Шарқ дӯстӣ кунем. Вале ман мутмаинам, ки бидуни ҳамкориҳои стратегӣ бо Русия мо зинда намемонем”.

Ба истилоҳ Ҷумҳурии Гагаузия 19 августи соли 1990 арзи ҳастӣ кард, вале аз ҷониби ҳукумати Кишинев ин тасмим ғайриқонунӣ эълон шуд. Чор соли баъд ба ин ҷумҳурӣ мақоми мухторият дода шуд. Дар ин минтақаи аксаран рӯ ба Русия қавми турктабори гагауз зиндагӣ мекунад. Ин мардум ба забони русӣ сӯҳбат карда, дини провославии русиро қабул кардааст. Ин минтақа дар интихоботи соли 2016 аксаран ба ҷонибдории Додон овоз додааст.

Видеоҳои охирин

Духтаре, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион нафар расонд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:09 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG