Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Самарқанд як ҳоҷӣ бо маводи мухаддир боздошт шуд


Кормандони гумруки фурудгоҳи Самарқанд як шаҳрванди Узбакистонро, ки озими ҳаҷ буд, бо гумони талоши интиқоли 6 ҳазор доллар ва 72 грамм афюн боздошт карданд.

Ҳангоми тафтиш кормандони гумрук аз Шамшӣ Аҳроров 72 грам афюн ва 5722 доллари ИМА, ба иловаи асъори кишварҳои дигар пайдо карданд. Ин мард афюнро дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифта, дохили нонҳо ҷой кардааст.

Тибқи қонунгузории Арабистони Саудӣ, интиқол, тиҷорат, нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир дар он кишвар ҳукми қатл дар пай дорад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, додситонии Узбакистон таҳқиқ мебарад.

XS
SM
MD
LG