Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – аз Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, ки “ҷойи худро бидонад”. Қаблан Зигмар Габриэл раиси ҷумҳури Туркияро ба дахолати бесобиқа дар интихоботи ояндаи кишвараш муттаҳам намуда буд.
Эрдуғон рӯзи 19-уми август дар сӯҳбат бо тарафдоронаш хитоб ба вазири умури хориҷии Олмон гуфт, ӯ ҳадди худро намешиносад ва намедонад, ки бо раиси ҷумҳури Туркия чигуна суҳбат кунад.
Баҳси миёни Эрдуғон ва раҳбарияти Олмон баъди он сурат гирифт, ки раиси ҷумҳури Туркия аз туркҳои муқими Олмон ва соҳиби ҳаққи раъй хост, дар интихоботи ояндаи ин кишвар аз Иттиҳоди масеҳиёни демократ, сотсиал-демократ ва ҳизби сабзҳо ҳимоят накунанд. Эрдуғон ин се ҳизбро душманони Туркия номид.
Раҳбарияти Олмон, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ Зигмар Габриэл, ин даъвати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро “дахолати бесобиқа” ба умури дохилии он кишвари узви Иттиҳоди Аврупо донистанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон низ дар як баёния гуфт, ба ҳеҷ кас, аз ҷумла раиси ҷумҳури Туркия иҷоза нахоҳанд дод, ки ба умури дохилии кишвараш мудохила намояд.
Интихобот дар Олмон моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.