Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақсу овозхонии Ориёно Саид дар миёни мавҷе аз таҳдидҳо. ВИДЕО


Ориёно Саид
Ориёно Саид

Ориёно Саид – овозхони маъруфи Афғонистон – бо вуҷуди таҳдид ва ихтилофи шуморе аз уламои дин ва мардум рӯзи 19-уми август дар ҷашни 98-умин солгарди истиқлоли кишвараш дар Кобул рӯи саҳна омад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар барномаи ҳунариаш дар ҳотел ё меҳмонхонаи “Интерконтинентал” тақрибан 5 ҳазор нафар иштирок карданд.

Гузориши видеоиро аз Кобул дар инҷо бубинед:

Рақсу овозхонии Ориёно Саид дар миёни мавҷе аз таҳдидҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Дар чандсадметрии ин ҳотел даҳҳо нафар аз мухолифони Ориёно Саид низ ҷамъ шуда, бар зидди консерти ӯ эътироз карданд. Онҳо хостанд, ки барномаи ҳунарии ин овозхони зан лағв шавад. Аммо Ориёно Саид ин ҳамаро нодида гирифт ва ба рақсу овозхонӣ пардохт.

“Эҳсости худро наметавонам баён кунам. Бисёр хуш ҳастам. Ҷашни истиқлолро баъд аз чанд вақт бо хушӣ таҷлил кардем. Ин ҷашни бисёр муҳим аст. Имшаб миёни афғонҳо иттиҳод буд. Ҳам мардҳо ва ҳам занҳо ҷамъ омада буданд”, - афзуд ӯ.

Аммо либосе, ки дар консерти ахири худ дар Порис ба тан кард, барояш ҷанҷолофарин шуд. Мунтақидон ин либосро, ки аъзои бадани ӯро барҷаста сохт, мухолифи суннатҳои исломӣ ва афғонӣ унвон карданд.

Ин консерт қарор буд, ки бо шумори бештари ҳаводорони Ориёно Саид дар варзишгоҳи “Ғозӣ”-и шаҳри Кобул баргузор шавад. Аммо бо сабаби ихтилофи уламо ва далоили амниятӣ барномаи ҳунарӣ дар ҷамъи камтари сокинон сурат гирифт. Насрин, яке аз иштирокдорони барнома гуфт, “вақте ин ҳама таҳдидҳоро сарфи назар мекунад ва мубориза мебарад, баёнгари он аст, ки як зан метавонад ба авҷи қудрат расид.”

Аммо Мавлавӣ Атоуллоҳ Файзонӣ, як узви Шӯрои уламои Кобул, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳунарнамоии як зан дар ҳузури афроди бегона мувофиқи шариат нест. Ӯ гуфтааст, ҳамин мухолифати уламо ва далоили амниятӣ буд, ки нагузошт, Ориёно Саид дар варзишгоҳ рӯи саҳна биёяд.

Баргузории як консерт бо ҳузури беш аз даҳ ҳазор нафар дар майдони “Ғозӣ” дар Кобул орзуи Ориёно Саид боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, ки ният дорад, соли оянда ба ин орзуяш ҷомаи амал бипӯшонад.

Ориёно Саид
Ориёно Саид

Ориёно Саид тарафдорон ва мухолифони зиёде дорад. Ӯ қаблан дар як паёми видеоӣ дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ пурсида буд, ки “чаро мардуми Афғонистон дар ҷашни истиқлоли худ набояд шод бошанд?" "Дигар мамлакатҳо ҳам исломӣ ҳастанд ва мусалмон мебошанд, вале мусиқӣ доранд, ҳунарманд доранд, телевизион доранд, хушӣ ва лабханд мекунанд, ҷашн доранд, ҷашни истиқлоли хуро мегиранд, чаро мо нагирем?" – суол гузошта буд ӯ.

Ориёно Саид дар солҳои ахир фаъолиятҳои чашмгире дар арсаи мусиқӣ ва ҳунари овозхонии Афғонистон дошта, лақаби "Ким Кардашяни Афғонистон"-ро ба худ гирифтааст. Ким Кардашяни арманиасл як тарроҳ ва ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ мебошад. Ориёно Саид яке аз доварони мусобиқаи ахири “Ситораи афғон” дар Кобул низ буд.

Ким Кардашян
Ким Кардашян

Аммо либосе, ки дар консерти ахири худ дар Порис ба тан кард, барояш ҷанҷолофарин шуд. Мунтақидон ин либосро, ки аъзои бадани ӯро барҷаста сохт, мухолифи суннатҳои исломӣ ва афғонӣ унвон карданд. Ӯ билохира маҷбур шуд навори видеоии сӯзондани ин либоси худро дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр кунад.

XS
SM
MD
LG