Пайвандҳои дастрасӣ

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо (дзюдо) миёни навҷавонони то 21-сола, ки рӯзи 19-уми август дар шаҳри Аради Руминия шуруъ шуд, медали тило ба даст овард.

Ӯ, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар даври аввал озод буд, пас аз ду пирӯзӣ бар Константин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) дар даври ниманиҳоӣ Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Сомон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Олег Овчаренко (Украина) пирӯз шуд ва мақоми аввалро касб кард.

Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африқо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 22-23 апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Дар ин мусобиқа 248 варзишгар (156 ҷавон ва 92 духтар) аз 33 кишвар иштирок доранд. Тоҷикистонро танҳо як нафар – Сомон Маҳмадбеков – намояндагӣ кард. Зимнан, ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз қораи Осиё мебошад.

Пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Руминия бо касби 10 медал (2-1-7) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Исроил (1-3-1) дар мақоми дувум ва мунтахаби Маҷористон (1-0-1) дар мақоми севум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали тилло дар мақоми шашум аст.

Сомон Маҳмадбеков дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни зери 66 кило дар байни 260 навҷавоне, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, бо 24 имтиёз мақоми 85-умро касб кардааст. Ҳамакнун ӯ баъди пирӯзӣ дар Ҷоми Аврупо дар ин феҳраст боло хоҳад рафт.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африқо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 22-23 апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Руминия ва дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG