Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо бе медал монданд


Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Аврупо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2002, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Русия ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ 290 варзишгар (200 ҷавонмард ва 90 духтар) аз 17 кишвар, аз он ҷумла нӯҳ ҷумҳурии собиқи шӯравӣ – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова ва Тоҷикистон, инчунин аз Аргентина, Финляндия, Фаронса, Бритониёи Кабир, Италия, Ҷопон, Ҳолланд ва Словакия - ширкат доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 гуштигир дохил буд. Вале онҳо аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд. Аз байни намояндагони Тоҷикистон се нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 66 кило, Ёқубҷон Назиров дар вазни зери 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни зери 100 кило – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои панҷумро ишғол карданд.

Инчунин Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило ҷойи ҳафтум ва боз ду нафари дигар – Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни зери 81 кило ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни зери 90 кило – ҷойҳои нӯҳумро соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 24 медал (5 тилло, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи Ҷопон бо касби 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Тими Фаронса бо касби 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кард. Дастаи Тоҷикистон бо се ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро касб кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG