Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Сургут 7 нафарро захмӣ кард. ДИИШ мегӯяд, кори онҳост


Шаҳри Сургути Русия
Шаҳри Сургути Русия

Гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” тавассути вебсайти “Аъмоқ” масъулияти ҳамлаи як мард дар шаҳри Сургути Русияро бар ӯҳда гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки як марди 23-сола рӯзи 19-уми август бо корд дар кӯчаҳои Сургут ба сокинон ҳамла карда, пеш аз онки аз тири нирӯҳои пулис кушта бишавад, ҳафт нафарро захмӣ намуд. Вазъи чаҳор тани онҳо вахим ё ташвишовар гуфта мешавад.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” иддао кард, ки ин мард яке аз ҷангҷӯёнаш буд.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи “куштор” парванда боз шуда, “эҳтимоли вазъи нохуби равонии ҳамлагар” низ санҷида мешавад.

Хабаргузории “Интерфакс” гуфт, мақомоти умури дохилӣ дар ҳоли ҳозир эҳтимоли террористӣ будани ин ҳодисаро тасдиқ намекунанд.

Сургут маркази саноати нафтӣ дар минтақаи Сибири Русия аст. Дар ин шаҳр, ки дар 2100-километрии шимоли шарқи Маскав воқеъ аст, сесад ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Қаблан гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамлаи рӯзи 17-уми август дар Испанияро низ бар дӯш гирифт, ки дар натиҷаи он 14 кушта шуд.

XS
SM
MD
LG