Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири аршади Доналд Трамп ба истеъфо рафт


Доналд Трамп ва Стивен Бэннон

Стивен Бэннон, мушовири аршад ва ҷанҷолбарангези Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз мақомаш истеъфо дод. Кохи Сафед гуфт, ки ин тасмими Бэннон рӯзи 18-уми август эълон шуд.

Сара Ҳакаби Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед, дар як эъломия гуфт, "Ҷон Келлӣ, раиси дафтари Кохи Сафед ва Стивен Бэннон ба ин мувофиқа расиданд, ки имрӯз охирин рӯзи Стив дар ин мақом бошад."

Бэннон, ки раиси як расонаи хабарии ростгаро буд, дар ҷараёни маъракаи интихоботии Доналд Трамп ва дар ҳафт моҳи аввали ҳукуматаш мушовири муҳими ӯ ба шумор мерафт.

Расонаҳои амрикоӣ гуфтанд, Доналд Трамп ба хотири мусоҳибаи охири Стивен Бэннон хашмгин шудааст, ки дар он мушовири аршад бо мавқеи тунди президенти Амрико дар баробари Куриёи Шимолӣ мухолифат кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG