Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбонии 10-солаи таҷовуз кӯдак таваллуд кард


Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Чандигарҳи Ҳиндустон як духтари 10-сола, ки таҷовуз шуда буд, кӯдак таваллуд кард. Пештар Додгоҳи олии Ҳиндустон ба сиқти ҷанини ӯ иҷозат надод.

Тифл ба воситаи ҷарроҳӣ ба дунё омада, 2,5 кило вазн дорад. Манобеи расмӣ мегӯянд, вазъи саломатии модар ва кӯдаке, ки баъди 35 ҳафта ба дунё омад, қаноатбахш аст.

Духтари 10-сола хабар надорад, ки модар шудааст ва дар беморхона ба ӯ гуфтаанд, ки дар робита ба дарди шикамаш ҷарроҳӣ мешавад.

Ҳомиладории духтар як моҳ пеш, баъди он маълум шудааст, ки аз дарде дар поёни шикамаш шикоят карда, ӯро барои муоина ба беморхона бурдаанд.

Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, ба номуси духтар яке аз наздиконашон дастдарозӣ кардааст, ки ҳоло дар ҳабс қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG