Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи генерал Роберт Ли таҳаввулоти Вирҷинияро маҳкум кард


Бартарихоҳони сафедпӯст дар назди пайкараи Роберт Ли ҷамъ омаданд. Шарлотсвилл, Вирҷиния, 12 августи соли 2017
Бартарихоҳони сафедпӯст дар назди пайкараи Роберт Ли ҷамъ омаданд. Шарлотсвилл, Вирҷиния, 12 августи соли 2017

Набераи генерали артиш конфедерантҳо Роберт Ли задухурд дар Шарлотсвилли аёлати Вирҷинияро маҳкум ва аз идеяи кӯч додани пайкараҳои даврони Конфедератсия ба осорхонаҳо пуштибонӣ кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи панҷшанбе хабар дод. Ба гуфтаи Реборт Лии- 5 муколамаи кӯчонидани пайкараҳо бояд бидуни хушунат ҷараён бигирад.

Рӯзи 12 август миллатгароёни сафедпӯст барои баргузор кардани раҳпаймоии эътирозӣ, алайҳи барчидани пайкараи генерали кофедератсия Роберт Ли, дар Шарлотсвилл ҷамъ шуданд. Дар замони Ҷанги шаҳрвандии Амрико Роберт Ли яке аз раҳбарони ҷанубиҳо буд ва аз ғуломдорӣ пуштибонӣ мекард. Дар вокуниш ба ин ҷамъомад, мухолифони нажодпарастӣ гирдиҳамоии худро доир карданд. Дар вақти намоиш як миллатгарои сафедпуст бо мошинаш мухолифонро пахш кард ва як нафарро ба ҳалокат расонда, надик ба 20 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Аҳли ҷомеаи Амрико дар ин задухурд бартариталабҳои сафедпустро муттаҳам мекунанд.Президенти Амрико Доналд Трамп, дар навбати худ, масъулияти задухурдро бар дӯши ҳарду ҷониб гузошт. Ба думболи ин дар чанд шаҳри Амрико пайкараҳои даврони конфедератсияро сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG